Дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ идома доранд

Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ идома доранд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, ҷараёни сел пули миёни деҳаҳои Тагоб ва Оби меҳнати ноҳияи Раштро хароб сохта, дар қишлоқи Навдӣ як манзили зист пурра хароб гардидааст. «Оилаи аз манзили […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ идома доранд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, ҷараёни сел пули миёни деҳаҳои Тагоб ва Оби меҳнати ноҳияи Раштро хароб сохта, дар қишлоқи Навдӣ як манзили зист пурра хароб гардидааст. «Оилаи аз манзили зист маҳрумшуда ба ҷойи бехавф кӯчонида шуд», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, ҷараёни сели омехта бо лойқаву санг дар деҳаи Промсовхози ҷамоати Дарбанди ноҳияи Нуробод боиси нобуд гардидани 46 саршумори чорвои калони шохдор ва 41 сар чорвои хурди хонагӣ шудааст. Дар ин ҷо


3 гектар

заминҳои киштро об шуста, хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.



Тибқи маълумоти кумита, дар ноҳияи Тоҷикобод шамоли шадид боми 10 хонаро хароб сохта, ҷараёни сел ба

20 гектар

заминҳои кишт,

60 гектар

боғ,

1,5 км

хати шабакаи барқ, 1 трансформатор ва

4 км

роҳи мошингарди миёни деҳаҳои Нӯшор ва Ширинчашма осеб расонидааст.



Зикр гардид, ки дар ноҳияи Дарвоз сели фаромада ҳаракати нақлиёт дар километри 382-юм ва 305-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғро ғайриимкон сохтааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.