Дар ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ мавсими дарави ғалла шурӯъ шуд

Кӯлоб. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» –   Миёни 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ аз аввалинҳо шуда ба дарави ғалла шурӯъ карданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси раёсати кишоварзии минтақа Абдулло Раҷабов иттилоъ дод, дирӯз дар ноҳияҳои номбурда ҳосили ғалла дар майдони 130 гектар ҷамъоварӣ гардида, ҳосили гандуми 20 […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Миёни 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ аз аввалинҳо шуда ба дарави ғалла шурӯъ карданд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси раёсати кишоварзии минтақа Абдулло Раҷабов иттилоъ дод, дирӯз дар ноҳияҳои номбурда ҳосили ғалла дар майдони


130 гектар

ҷамъоварӣ гардида, ҳосили гандуми

20 гектар

кӯфта шуд. «Ҳосили як гектар 26 сентнерро ташкил дод, ки вақтҳои ахир ин миқдор ҳосил ба мушоҳида нарасида буд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи мутахассиси масоили марбут ба техникаи раёсат Аҳмад Сафаров, барои мавсими дарави соли равон 112 комбайни ғалладаравӣ омода гардида, боз ҳудуди 200 комбайн дар ихтиёри хоҷагидорони хусусӣ мебошад. «Соли равон ҷамъоварии ҳосили ғалла дар

89 гектар

замини минтақа сурат мегирад», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки мавсими дарави ғалла дар саросари ҷумҳурӣ рӯзи 10-уми июн оғоз гардида, тибқи маълумоти дар ихтиёрдоштаи вазорат, ба мавсими дарави зироати ғалладона дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар ҳоли мавҷуд будани 1 ҳазору 121 адад комбайни ғалладаравӣ, то имрӯз ҳамагӣ 600 комбайн ба кор омода гардидааст. «То оғози мавсим шумори комбайнҳо афзуда хоҳад шуд, зеро омода сохтани онҳо ба мавсим то ҳанӯз идома дорад», – гуфтанд дар вазорати кишоварзӣ.



Ёдрас мекунем, ки соли равон дар майдони 216 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт гардидааст, ки зиёда аз 120 ҳазор гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Дар вазорат мутмаинанд, ки имсол кишоварзон беш аз 1 млн. тонна ҳосили зироатҳои ғалладона ба даст хоҳанд овард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.