Пулиси Миср то ҳанӯз 5 донишҷӯи тоҷикро аз боздоштгоҳ раҳо накардааст

Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Пулиси Миср то ҳанӯз 5 донишҷӯи тоҷикро, ки дар ҷараёни рейд шаби 26 ба 27-уми май боздошт шуда буданд, раҳо накардааст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, он замон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср на 14 нафар, […]

Виктория Наумова


Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Пулиси Миср то ҳанӯз 5 донишҷӯи тоҷикро, ки дар ҷараёни рейд шаби 26 ба 27-уми май боздошт шуда буданд, раҳо накардааст.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, он замон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср на 14 нафар, балки 15 нафар донишҷӯёни тоҷик боздошт шуда буданд. Даҳ нафар донишҷӯён рӯзҳои 27-ум ва 30-юми май раҳо гардида, айни замон Шавкат Рамазонов, Хуршед Эрматов, Фаридун Гулов, Идибеки Зиёваддин ва Аламшо Шарипов дар боздоштгоҳ қарор доранд. «Ҳамаи шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик донишҷӯёни макотиби олии Миср буда, мустақилона баҳри таҳсил ба ин кишвар омадаанд», – гуфт ӯ.



Ба қавли Д.Назриев, намояндагони сафорати Тоҷикистон бо донишҷӯёни то ҳанӯз боздоштшуда мулоқот накардаанд, вале бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср доимо дар робита буда, дар фурсати наздиктарин ин масъаларо ба таври мусбат ҳал хоҳанд кард. «Намояндагони сафорат бо 10 нафар донишҷӯи раҳогардида сӯҳбат доштанд ва ҳеҷ кадоме аз онҳо аз муносибати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср шикояте изҳор накард», – таъкид сохт ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.