Президенти Тоҷикистон Комиссари Олии САҲА оид ба умури ақаллиятҳои миллиро ба ҳузур пазируфт

Date:


Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуюми дир


ӯ


з Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Комиссари Олии Созмони амният ва ҳамкор


ӣ


дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои милл


ӣ



 

Кнутт Воллебекро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили вобаста ба риояи ҳуқуқу манфиатҳои ақаллиятҳои милл


ӣ


дар То


ҷ


икистон баррас


ӣ


шуд.



Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар То


ҷ


икистон дар баробари миллати таҳ


ҷ


о


ӣ


– то


ҷ


икон, ки аксарияти аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, намояндагони қариб 120 миллату халқият зиндаг


ӣ


доранд. Бо қаноатманд


ӣ


зикр гардид, ки меъёрҳои баробарҳуқуқии ақаллиятҳои милл


ӣ


дар


ҷ


омеа пурра риоя карда мешаванд ва ба

  

маҳдудкун


ӣ


аз рўи мансубият ба миллату нажод

 

роҳ дода намешавад.



Бо изҳори қаноатманд


ӣ


аз нати


ҷ


аи пурсиши и


ҷ


тимоии

 

Маркази иттилоотию аналитикии «


Ҷ


амъият дар пешрафт» оид ба ин мавзўъ ёдовар


ӣ


карда шуд, ки мутобиқи он 81,6 дар сади мусоҳибон муносибатҳои миёни то


ҷ


икон ва ақаллиятҳои миллии То


ҷ


икистонро д


ӯ


стона номидаанд.



Кнутт Воллебек изҳор дошт, ки Комиссарати Олии Созмони амният ва ҳамкор


ӣ


дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои милл


ӣ



 

омодааст ба намояндагони миллатҳои камшумори То


ҷ


икистон баҳри дастрасии бештарашон ба таҳсилот бо забони модар


ӣ


ва ҳамчунин барои хубтар омӯхтани забони давлат


ӣ


кӯмак расонад.



Ба гуфти Кнутт Воллебек, Комиссарати Олии Созмони амният ва ҳамкор


ӣ


дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои милл


ӣ


ҳамчунин вазъи риояи ҳуқуқу озод


ӣ


ва манфиатҳои намояндагони миллати то


ҷ


икро дар дигар кишварҳо мавриди ом


ӯ


зиш қарор додааст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...