Ӯзбекистон то ҳанӯз ҷиҳати интиқоли барқ ба Тоҷикистон муроҷиат накардааст

Date:


Душанбе. 8-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон то ҳанӯз интиқоли барқ ба Ӯзбекистонро шурӯъ накардааст.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, иллати оғоз нагардидани интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя дар он аст, ки то ҳанӯз бо сабабҳои номаълум мақомоти дахлдори Ӯзбекистон оид ба ин масъала ба Тоҷикистон муроҷиате накардаанд. «Мо барои интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя омодаем ва боварӣ дорем, ки он рӯзҳои наздик шурӯъ хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, тибқи созишномаи байниҳукуматӣ, дар мавсими тобистон ҷумҳурии мо ӯҳдадор шудааст, ки ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 450 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад. «Аз 27-уми феврал то 1-уми майи соли ҷорӣ ба кишвари мо аз Ӯзбекистон 251 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид шуд», – изҳор доштанд дар ширкат.



Тибқи созишнома, дар мавсими баҳор аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бояд дар ҳаҷми ҳудуди 300 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид мегардид ва мутаносибан ҷониби Ӯзбекистон феълан ба миқдори 50 млн. кВт/соат аз Тоҷикистон қарздор мондааст, ки бояд тирамоҳ онро баргардонад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...