Ӯзбекистон то ҳанӯз ҷиҳати интиқоли барқ ба Тоҷикистон муроҷиат накардааст

Душанбе. 8-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон то ҳанӯз интиқоли барқ ба Ӯзбекистонро шурӯъ накардааст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, иллати оғоз нагардидани интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя дар он аст, ки то ҳанӯз бо сабабҳои номаълум мақомоти дахлдори Ӯзбекистон оид ба ин масъала ба Тоҷикистон муроҷиате накардаанд. […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 8-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон то ҳанӯз интиқоли барқ ба Ӯзбекистонро шурӯъ накардааст.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, иллати оғоз нагардидани интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя дар он аст, ки то ҳанӯз бо сабабҳои номаълум мақомоти дахлдори Ӯзбекистон оид ба ин масъала ба Тоҷикистон муроҷиате накардаанд. «Мо барои интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя омодаем ва боварӣ дорем, ки он рӯзҳои наздик шурӯъ хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, тибқи созишномаи байниҳукуматӣ, дар мавсими тобистон ҷумҳурии мо ӯҳдадор шудааст, ки ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 450 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад. «Аз 27-уми феврал то 1-уми майи соли ҷорӣ ба кишвари мо аз Ӯзбекистон 251 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид шуд», – изҳор доштанд дар ширкат.



Тибқи созишнома, дар мавсими баҳор аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бояд дар ҳаҷми ҳудуди 300 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид мегардид ва мутаносибан ҷониби Ӯзбекистон феълан ба миқдори 50 млн. кВт/соат аз Тоҷикистон қарздор мондааст, ки бояд тирамоҳ онро баргардонад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.