Оқил Оқилов баҳри иштирок дар кори ҷаласаи нахуствазирони кишварҳои узви ЕврАзЭС ба Маскав рафт

            Душанбе. 8-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов баҳри иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки пагоҳ 9-уми июн баргузор мешавад, ба шаҳри Маскав рафт.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷаласа Нақшаи зиддибӯҳронии Шӯрои иттиҳод ва роҳҳои коҳиши […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 8-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов баҳри иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки пагоҳ 9-уми июн баргузор мешавад, ба шаҳри Маскав рафт.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷаласа Нақшаи зиддибӯҳронии Шӯрои иттиҳод ва роҳҳои коҳиши таъсири оқибатҳои он мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.





Маълумотнома:




Дар таърихи 10-уми октябри соли 2000 дар шаҳри Остона сарони кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон Шартномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиёро (ЕврАзЭС) ба имзо расониданд, ки он муносиботи ҳамкориҳои кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароварда, шаклҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муттаҳидшавии онҳоро муайян сохт. (Аз ҷониби ҳамаи кишварҳо тасдиқ гардида, аз 30-уми майи соли 2001 дар амал ҷорӣ шуд). Феълан Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон ба ҳайти ЕврАзЭС шомил мебошанд. Ӯзбекистон моҳи январи соли 2006 ба иттиҳод

 

ҳамроҳ гардид, вале ахири соли 2008 эълом дошт, ки узвияти худро дар иттиҳод бозмедорад.



Молдова, Украина, Арманистон ва Бонки рушди авруосиёӣ дар назди иттиҳод мақоми нозирро доранд. Шурӯъ аз соли 2003 ЕврАзЭС дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони байнулмилалӣ ба қайд гирифта шуда, дар Ассамблеяи Генералии СММ мақоми нозирро соҳиб гашт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.