Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тармиму таҷдиди Академияи марзбононро дар Душанбе маблағгузорӣ мекунад

Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Сарвари марзбонони Тоҷикистон генерал Шералй Мирзо, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Трейси Энн Ҷейкобсон ва сафири Туркия ҷаноби Мир Ақиф Ойхон дар маросими оғози маъракаи тармиму таҷдиди Академияи марзбонон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд. Ин яке аз силсилаи лоиҳаҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, […]

root



Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Сарвари марзбонони Тоҷикистон генерал Шералй Мирзо, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Трейси Энн Ҷейкобсон ва сафири Туркия ҷаноби Мир Ақиф Ойхон дар маросими оғози маъракаи тармиму таҷдиди Академияи марзбонон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд. Ин яке аз силсилаи лоиҳаҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки дар доираи он ба марзбонони Тоҷикистон дар тармиму таҷдиди муассисаҳои таълимӣ барои афсарони марзбон кӯмак расонида мешавад ва амнияти Тоҷикистон тақвият дода мешавад.






Дар рафти лоиҳа утоқҳои дарсию хобгоҳи афсарони дар Академия таҳсилкунанда таъмир карда мешаванд. Буҷети умумии лоиҳа 2,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, ба вайрон кардани иморатҳои мавҷудаи кӯҳна, сохтмони ошхонаи нав, варзишгоҳ, шабакаи гармкунй, ҳоҷатхонаҳо, гаражҳо, дидбонгоҳи нави тафтиши шиносномаҳо ва таъмири пурраи хобгоҳи мавҷудаи афсарони дар академияи таҳсилкунанда масраф мешавад. Дар доираи лоиҳа мебел ва таҷҳизоти таълимии асосй низ таъмин карда мешавад. Сохтмон то феврали 2010 анҷом хоҳад ёфт. Пудратчии корҳои сохтмонй ширкати туркии Боздемир Иншаат ва Меҳендислик Лимитед мебошад, ки тавассути тендери байналхалқи интихоб шудааст.





Сафораи ИМА бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз соли 1992 дар иҷроиши лоиҳаҳои кӯмакрасон барои таъмини амнияти марзҳо, дастгирии волоияти қонун ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҳисоби умумии зиёда аз 37,5 миллион доллар ҳамкорй мекунад. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида омода аст дастгирии худро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон давом диҳад. Дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.