Комиссияи Аврупо барои ислоҳоти идоракунии давлатӣ дар бахши молия ба Тоҷикистон 2 млн. Евро маблағ ҷудо мекунад

Date:


Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи Аврупо барои ислоҳоти идоракунии давлатии молиявӣ ба Тоҷикистон 2 млн. Евро маблағ ҷудо мекунад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, бурси мазкур баҳри маблағгузорӣ ба Лоиҳаи таҷдиди идоракунии давлатӣ дар бахши молия ихтисос дода шуда, ба беҳбуди самаранокӣ ва шаффофият дар ин соҳа нигаронида шудааст. «Стратегияи тозаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ба таҳкими робитаҳо миёни ИА ва шариконаш дар минтақа равона гардидааст», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи татбиқи стратегияи мусоидати Комиссияи Аврупо ба Тоҷикистон тӯли солҳои 2007-2010 ба сифати дастгирии барномаҳои соҳавӣ, мусоидати техникӣ ва бурсҳо 66 млн. Евро маблағ ҷудо карда мешавад. «Шурӯъ аз соли 1992 Комиссияи Аврупо баҳри дастгирӣ ва мусоидат ба Тоҷикистон зиёда аз 500 млн. Евро маблағ ҷудо кард», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...