Комиссияи Аврупо барои ислоҳоти идоракунии давлатӣ дар бахши молия ба Тоҷикистон 2 млн. Евро маблағ ҷудо мекунад

Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи Аврупо барои ислоҳоти идоракунии давлатии молиявӣ ба Тоҷикистон 2 млн. Евро маблағ ҷудо мекунад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, бурси мазкур баҳри маблағгузорӣ ба Лоиҳаи таҷдиди идоракунии давлатӣ дар бахши молия ихтисос дода шуда, ба беҳбуди самаранокӣ ва шаффофият […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи Аврупо барои ислоҳоти идоракунии давлатии молиявӣ ба Тоҷикистон 2 млн. Евро маблағ ҷудо мекунад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, бурси мазкур баҳри маблағгузорӣ ба Лоиҳаи таҷдиди идоракунии давлатӣ дар бахши молия ихтисос дода шуда, ба беҳбуди самаранокӣ ва шаффофият дар ин соҳа нигаронида шудааст. «Стратегияи тозаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ба таҳкими робитаҳо миёни ИА ва шариконаш дар минтақа равона гардидааст», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи татбиқи стратегияи мусоидати Комиссияи Аврупо ба Тоҷикистон тӯли солҳои 2007-2010 ба сифати дастгирии барномаҳои соҳавӣ, мусоидати техникӣ ва бурсҳо 66 млн. Евро маблағ ҷудо карда мешавад. «Шурӯъ аз соли 1992 Комиссияи Аврупо баҳри дастгирӣ ва мусоидат ба Тоҷикистон зиёда аз 500 млн. Евро маблағ ҷудо кард», – афзуд манбаъ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.