Сафари дурӯзаи сарвари давлат ба вилояти Хатлон анҷом ёфт

Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар чаҳорчӯбаи сафари дурӯза ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят мулоқот кард. Дар суханронии худ сарвари давлат ба масъалаи рафъи оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ ва иҷрои супоришҳои дар паёми ҳамасолаи худ баёнгардида таваҷҷӯҳи хос зоҳир сохт. Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар натиҷаи дуруст […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар чаҳорчӯбаи сафари дурӯза ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят мулоқот кард.


Дар суханронии худ сарвари давлат ба масъалаи рафъи оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ ва иҷрои супоришҳои дар паёми ҳамасолаи худ баёнгардида таваҷҷӯҳи хос зоҳир сохт.




Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар натиҷаи дуруст истифода нагардидани имконияту захираҳои мавҷуда дар давоми панҷ моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ дар вилоят нақшаи 10 намуди андоз иҷро нашудааст ва ба ҳамин сабаб ба буҷет 7 миллион сомонӣ ворид нагардидааст. Иҷрои буҷети маҳаллӣ дар 12 ноҳия таъмин нагардида, дар ин муддат бо мақсади дастгирии буҷети вилоят аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 42 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд, вале дар баробари ин, бақияпулиҳо аз андоз ба ҷои кам шудан, баръакс сол ба сол афзуда истодаанд. «Бо дарназардошти чунин вазъ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин сохторҳои маҳаллии мақомоти андоз ва гумрук зарур аст, ки доир ба иҷрои буҷет ва кам кардани ҳаҷми бақияпулиҳо чораҳои қатъӣ андешанд», – гуфт ӯ.



Пас аз анҷоми мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон президенти Тоҷиистон Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти ҷумҳурӣ баргашт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.