Мудири иҷроияи Хазинаи байнулмилалии асъор ба Душанбе меояд

Душанбе. 13-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири иҷроияи Хазинаи байнулмилалии асъор Доминик Стросс-Кан нахустин сафари худро ба минтақаи Осиёи Марказӣ шурӯъ намуда, рӯзҳои 15-18-уми июн аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон боздид мекунад.             Дар иттилоияи ХБА гуфта мешавад, зимни сафар мудири иҷроияи ХБА бо намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои минтақа, вакилони парлумон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва […]

Виктория Наумова


Душанбе. 13-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири иҷроияи Хазинаи байнулмилалии асъор Доминик Стросс-Кан нахустин сафари худро ба минтақаи Осиёи Марказӣ шурӯъ намуда, рӯзҳои 15-18-уми июн аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон боздид мекунад.





           

Дар иттилоияи ХБА гуфта мешавад, зимни сафар мудири иҷроияи ХБА бо намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои минтақа, вакилони парлумон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои академӣ дидору гуфтушунид хоҳад кард. « Дар ҷараёни дидору гуфтушунид ба тарзҳои муассири расонидани кӯмак ба кишварҳои минтақа бинобар бӯҳрони молӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ХБА таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд», – омадааст дар иттилоия.




           

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрели соли ҷорӣ Шӯрои мудирони ХБА барномаи нави сесолаи қарзӣ барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 116 млн. доллари ИМА-ро тасдиқ кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.