Музокироти Тоҷикистону БРО бобати тахсиси бурси иловагӣ ба татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-марзи Қирғизистон анҷом ёфт

Date:


Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Музокироти Тоҷикистону Бонки рушди Осиё (БРО) бобати тахсиси бурси иловагӣ ба татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-марзи Қирғизистон анҷом ёфт.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БРО дар ҶТ иттилоъ доданд, роҳи мазкур яке аз қиматҳои хати нақлиётии


III




дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ буда, кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистонро бо ҳам мепайвандад. «Татбиқи лоиҳа ба коҳиши хароҷоти нақлиёт, рушди тиҷорати минтақавӣ ва беҳбуди дастрасӣ ба бозорҳо ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона гардидааст», – гуфтанд дар намояндагии бонк.



Бино ба иттилои манбаъ, дар ин роҳ ҳаҷми ҳаракати нақлиёт ва боркашонӣ нисбат ба пешгӯиҳои қаблӣ бештар гашта, боиси пеш аз мӯҳлат фарсудашавии он гардидааст. «Аз ин рӯ, тахсиси бурси иловагӣ ба ҳалли мушкилоти фанниву молиявӣ, тамдиди мӯҳлати иқтисодии истифодаи роҳ ва таъсири лоиҳа ба рушди кишвар кӯмак мекунад», – гуфт манбаъ бо истинод ба суханони коршиноси таҳлили молиявии Департаменти БРО дар Осиёи Маказӣ ва Ғарбӣ Хи Юнг Хонг.



Зикр гардид, ки БРО мувофиқи бурси мазкур ба таври бебозгашт ҷудо кардани 20 млн. доллари ИМА-ро пешбинӣ мекунад. Масъалаи мазкур моҳи июли соли ҷорӣ дар Шӯрои мудирони БРО мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Саҳми Тоҷикистон 5 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Лоиҳа дар муддати 30 моҳ то моҳи декабри соли 2011 амалӣ мегардад. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ба ҳайси агентии иҷрокунанда оид ба ин лоиҳа фаъолият хоҳад кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...