Ҳайати Идораи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ба Душанбе ташриф овард

Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз ҳайати Идораи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ таҳти роҳбарии муовини раиси департаменти ин идора дар кишварҳои Аврупо ва ИДМ Хуберт Айзеле бо сафари дурӯзаи корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари идораи мазкур дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ҳадаф аз […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз ҳайати Идораи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ таҳти роҳбарии муовини раиси департаменти ин идора дар кишварҳои Аврупо ва ИДМ Хуберт Айзеле бо сафари дурӯзаи корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари идораи мазкур дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ҳадаф аз сафари корӣ – шиносоӣ бо лоиҳаҳои марбут ба истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. «Ҳайати Швейтсария ҳамчунин бо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо дар бахши ислоҳоти судӣ ва тандурустии ҷумҳурӣ низ ошно хоҳад гардид», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, ҳайат бо як қатор шахсони расмии ҳукумати ҶТ, мақомоти дахлдор ба ин масоил ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилливу ташкилотҳои мададрасони муқими Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад.



Зикр гардид, ки сафари кории мазкур инчунин ба вохӯрии қарибулвуқӯъи ҳисоботӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария дар минтақаи Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ шудаанд, низ марбут аст. Вохӯрии мазкур рӯзҳои 21-25-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек доир мегардад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.