Дабири кулли ЕврАзЭС: Иттиҳод қотеъона баҳри ноил гаштан ба таъсиси намунаи сохтори Иттиҳоди Аврупо дар Шарқ наздик мегардад

            Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Иттиҳоди Аврупо оид ба дар ояндаи наздик ба имзо расидани Меморандум дар бораи ҳамкории мутақобила, аз ҷумла, дар бахши иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин хусус зимни нишасти хабарии аз ҷониби хабаргузории РИА Новости ташкилгардида дабири кулли ЕврАзЭС Тоҳир Мансуров хабар додааст.             […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Иттиҳоди Аврупо оид ба дар ояндаи наздик ба имзо расидани Меморандум дар бораи ҳамкории мутақобила, аз ҷумла, дар бахши иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин хусус зимни нишасти хабарии аз ҷониби хабаргузории РИА Новости ташкилгардида дабири кулли ЕврАзЭС Тоҳир Мансуров хабар додааст.





           

Тибқи иттилои хабаргузории Русия,Т.Мансуров изҳор доштааст, ки иттиҳод қотеъона баҳри ноил гаштан ба таъсиси намунаи сохтори Иттиҳоди Аврупо дар Шарқ наздик мегардад. «Таъсиси Иттиҳоди гумрукии Русияву Белорус



ва Қазоқистон, ки аз 1-уми январи соли 2010 ба фаъолият оғоз мекунад, иқдоми муассир дар ин самт аст», – гуфтааст ӯ.




           

Дабири кулли иттиҳод инчунин гуфтааст, кишварҳои узви иттиҳод – Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон роҳу воситаҳои раҳоӣ аз бӯҳрони молиро бо кишварҳои нозири иттиҳод – Арманистон, Молдова ва Украина мувофиқа месозанд. «Омилҳои зикршуда ба ташакккули бозори умумии минбаъд миқёсан баробар бо бозори умумии Иттиҳоди Аврупо мусоидат менамоянд», – баён доштааст ӯ.




           

Номбурда афзудааст, марҳилаҳои ҳамгиройии кишварҳои ЕврАзЭС таҷассумгари равандҳое мебошанд, ки дар давраҳои таъсиси Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта буданд, вале агар дар ИА ин раванд тӯли даҳсолаҳо ба вуқӯъ пайваста бошад, дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё он шурӯъ аз соли 2000 босуръат амалӣ мегардад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.