Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот орост

            Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе мулоқоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода бо намояндагони зиёда аз 30 созмони ҷамъиятӣ доир гардид. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси созмони ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва рияои қонуният» дар ҳамдастӣ бо созмони ҷамъиятии «Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон» ва созмони илмиву маърифатии «Ҷомеа ва […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе мулоқоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода бо намояндагони зиёда аз 30 созмони ҷамъиятӣ доир гардид. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси созмони ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва рияои қонуният» дар ҳамдастӣ бо созмони ҷамъиятии «Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон» ва созмони илмиву маърифатии «Ҷомеа ва ҳуқуқ» баргузор шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари СҶ «Дафтари ҳуқуқи инсон ва рияои қонуният» Наргис Зокирова иттилоъ дод, Зариф Ализода ба ҳозирин дар бораи самтҳои фаъолияти пешбинишудаи сохтори мазкур маълумот дода, изҳор дошт, ки фаъолияти сохтор дар самтҳои риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳанг роҳандозӣ хоҳад шуд. «Аллакай ба сохтор муроҷиату аризаҳои шаҳрвандон ворид мегарданд ва моро зарур аст, ки ҳарчи зудтар тариқи озмун ҳайати шахсии кормандонро муайян сохта, ба кор шурӯъ намоем», – гуфт ӯ.




           

З.Ализода ҳамчунин аз саҳм гирифтани созмонҳои ҷамъиятӣ дар кори омӯзиши ҳайати шахсии ин сохтор ва огаҳии аҳолӣ аз фаъолияти он изҳори умедворӣ намуда, иброз дошт, ки айни замон асноди меъёриву ҳуқуқии фаъолияти сохтор таҳия мегардад. «Нашри гузориши ҳамасола дар бораи вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ҷараёни иҷрои конвенсияву дигар асноди байнулмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Тоҷикистон баимзорасида ба нақша гирифта шудааст», – изҳор дошт вай ва афзуд, ки дар ояндаи наздик баргузории мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии дигар манотиқи ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.




           

Дар навбати худ намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҶТ дар бораи ҳар семоҳа доир намудани мулоқот бо онҳо, иштироки созмонҳои ҷамъиятӣ дар таҳияи гузориши солона оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ, омода сохтани гузоришҳои алтернативӣ ба Кумитаҳои СММ ва дар сурати зарурат ирсоли арзу шикоят ба ташкилотҳои ғайриҳукуматии дахлдор ва ғайра пешниҳоду тавсияҳо иброз доштанд.




           

Дар фарҷоми вохӯрӣ қарор шуд, моҳи сентябри соли равон боз чунин мулоқот доир карда шавад.

 


           



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.