Дар Санкт-Петербург Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Date:



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 20-уми июн дар Хонаи миллатҳои шаҳри Санкт-Петербург маросими муаррифии Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон доир гардид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муҳаррири рӯзномаи «Хуросон» дар ин шаҳр Зайнуддин Орифӣ иттилоъ дод, маросими муаррифӣ дар чаҳорчӯбаи таҷлили ҷашни хатмкунандагони сессияҳои академӣ таҳти унвони «Алие паруса» баргузор шуд. «Дар ин маросим раиси Шӯрои ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петрбург Фаррух Сатторов изҳор дошт, ки сол то сол шумори донишҷӯён ва аспирантҳо дар макотиби олии ин шаҳр зиёд шуда, айни замон он 400 нафарро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли З.Орифӣ, ноиби президенти Ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Русия «Сомониён» дар шаҳри Санкт-Петрбург Аҳтам Маҳмадов дар маросими муаррифии ҷамъият гуфтааст, шумори муҳоҷирони меҳнатӣ низ сол то сол афзуда, вале онҳо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ камтар ширкат меварзанд, зеро чунин имконият надоранд. «Аз ин рӯ, ҷамъияти нав ба донишҷӯён ва зиёни тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петрбург баҳри иштироки фаъол дар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ мусоидат хоҳад кард», – гуфтааст А.Маҳмадов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...