Дар ноҳияи Варзоб 50 кило ҳероин мусодира гардид

            Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунии миқдори зиёди маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 20-уми июн дар посгоҳи назоратии «Чорбоғ» кормандони БДА автомашинаи « Toyota Avensis »-и мутааллиқ ба сокини шаҳри Душанбе С.С.-ро манъ месозанд, […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунии миқдори зиёди маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 20-уми июн дар посгоҳи назоратии «Чорбоғ» кормандони БДА автомашинаи «


Toyota




Avensis


»-и мутааллиқ ба сокини шаҳри Душанбе С.С.-ро манъ месозанд, ки як мусофири дигар – сокини ноҳияи Вахш Т.А. низ дар он ҳузур дошт. «Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили автомашина 50 кило маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар вазорат.




           

Зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати муайян кардани соҳиби бор ва дигар шахсони дар ин кор дастдошта чораҳо меандешанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.