Дар Санкт-Петербург Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон муаррифӣ гардид

            Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 20-уми июн дар Хонаи миллатҳои шаҳри Санкт-Петербург маросими муаррифии Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон доир гардид.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муҳаррири рӯзномаи «Хуросон» дар ин шаҳр Зайнуддин Орифӣ иттилоъ дод, маросими муаррифӣ дар чаҳорчӯбаи таҷлили ҷашни хатмкунандагони сессияҳои академӣ таҳти унвони «Алие паруса» баргузор шуд. […]

Амрита Қарғизова



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 20-уми июн дар Хонаи миллатҳои шаҳри Санкт-Петербург маросими муаррифии Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон доир гардид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муҳаррири рӯзномаи «Хуросон» дар ин шаҳр Зайнуддин Орифӣ иттилоъ дод, маросими муаррифӣ дар чаҳорчӯбаи таҷлили ҷашни хатмкунандагони сессияҳои академӣ таҳти унвони «Алие паруса» баргузор шуд. «Дар ин маросим раиси Шӯрои ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петрбург Фаррух Сатторов изҳор дошт, ки сол то сол шумори донишҷӯён ва аспирантҳо дар макотиби олии ин шаҳр зиёд шуда, айни замон он 400 нафарро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли З.Орифӣ, ноиби президенти Ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Русия «Сомониён» дар шаҳри Санкт-Петрбург Аҳтам Маҳмадов дар маросими муаррифии ҷамъият гуфтааст, шумори муҳоҷирони меҳнатӣ низ сол то сол афзуда, вале онҳо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ камтар ширкат меварзанд, зеро чунин имконият надоранд. «Аз ин рӯ, ҷамъияти нав ба донишҷӯён ва зиёни тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петрбург баҳри иштироки фаъол дар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ мусоидат хоҳад кард», – гуфтааст А.Маҳмадов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.