Танҳо 9 фоизи русиягиҳо Тоҷикистонро дӯсту иттифоқчии Русия мешуморанд

Date:



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти назарсанҷии доирнамуда аз ҷониби Маркази таҳлилии Юрий Левада, ки аз 22 то 26-уми май дар 128 маҳаллаи аҳолинишини 46 минтақаи Русия миёни 1600 нафар сокинони Русия гузаронида шудааст, танҳо 9 фоизи русиягиҳо Тоҷикистонро дӯсту иттифоқчии Русия мешуморанд.





           

Тибқи маълумои марказ, ҳамин миқдор русиягиҳо Ӯзбекистон, Қирғизистон, Фаронса ва Булғорияро низ дӯсту иттифоқчии Русия арзёбӣ кардаанд.




           

Дар ин рӯйхат Белорус (50%), Қазоқистон (38%), Чин (18%), Олмон (17%), Арманистон (15%),Ҳиндустон (12%), Куба (11 фоиз) ва Озарбойҷон (10%) аз Тоҷикистон болотар ҷой гирифтаанд. Умуман дар рӯйхати «дӯстону иттифоқчиёни Русия» 35 кишвари ҷаҳон ҳузур дорад.




           

Чанде аз ин кишварҳо дар рӯйхати душманони Русия низ ҷой доранд. Аз ҷумла, 1 фоизи русиягиҳо Тоҷикистонро чун кишвари нисбат ба Русия хусуматдошта арзёбӣ кардаанд. Дар рӯйхати душманон Гурҷистон (62%), ИМА (45%), Украина (41%), Латвия ва Литва (35 фоизӣ), Эстония (30%) ва Полша (10%) пешсафанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...