Барои сохтмони бинои саввуми хона-интернати «Чорбоғ» 3,5 млн. сомонӣ маблағи буҷа масраф гардид

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта бинои саввуми хона-интернат барои кӯдакони ноқисулақл ва маъюби деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба истифода дода шуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари хона-интернати мазкур Мавлуда Саидаҳмадова иттилоъ дод, баҳри сохтмони бинои саввуми хона-интернати «Чорбоғ» 3,5 млн. сомонӣ маблағи буҷа масраф гардида, он барои тарбияи 20 […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта бинои саввуми хона-интернат барои кӯдакони ноқисулақл ва маъюби деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба истифода дода шуд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари хона-интернати мазкур Мавлуда Саидаҳмадова иттилоъ дод, баҳри сохтмони бинои саввуми хона-интернати «Чорбоғ» 3,5 млн. сомонӣ маблағи буҷа масраф гардида, он барои тарбияи 20 кӯдаки маъюб ва 20 нафар волидайни онҳо ҷиҳати омӯзиш пешбинӣ шудааст. «Ҳамчунин низоми гармидиҳии хона-интернат низ мавриди истифода қарор гирифта, он қодир аст, се бинои интернатро бо гармӣ таъмин созад», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи сарвари интернат, қабули кӯдакони маъюб баҳри тарбия дар бинои саввум аз 1-уми июл оғоз мегардад ва аллакай рӯйхтаи онҳо таҳия шудааст. «Ҳайати шахсии кормандони инернат дар маҷмӯъ 165 нафарро ташкил дода, ҳар моҳ ҳукумати ҷумҳурӣ барои тарбияи 1 кӯдак дар интернат 820 сомонӣ маблағ ҷудо мекунад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки соли равон барои интернат аз буҷа 1 млн. 967 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисос дода мешавад.

 




Номбурда афзуд, феълан дар хона-интернат 185 нафар кӯдакони ноқисулақл ва маъюб бо тарбия фаро гирифта шудаанд. «Корҳои сохтмонии бинои чаҳоруми интернат соли 2010 шурӯъ мешаванд», – афзуд сарвари хона-интернат.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.