Ӯзбекистон ҳаҷми интиқоли газ ба Тоҷикистонро афзуд

            Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ӯзбекистон ҳаҷми интиқоли газ ба Тоҷикистонро се баробар афзуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов иттилоъ дод, дар музокироти мақомоти дахлдори ҳарду кишвар чунин тавофуқ ҳосил шудааст. «Қаблан мо аз Ӯзбекистон ҳамагӣ 6 ҳазор метри мукааб дар як соат газ мегирифтем, […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ӯзбекистон ҳаҷми интиқоли газ ба Тоҷикистонро се баробар афзуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов иттилоъ дод, дар музокироти мақомоти дахлдори ҳарду кишвар чунин тавофуқ ҳосил шудааст. «Қаблан мо аз Ӯзбекистон ҳамагӣ 6 ҳазор метри мукааб дар як соат газ мегирифтем, ки он танҳо барои қонеъ сохтани талаботи корхонаи алюминии Тоҷикистон истифода мешуд ва шурӯъ аз субҳи имрӯз ба Тоҷикистон дар як соат то 20 ҳазор метри мукааб гази кишвари ҳамсоя интиқол дода мешавад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ҳаҷми иловагии газ ба корхонаҳои саноатӣ равона гардида, шурӯъ аз субҳи имрӯз интиқоли газ ба КВД «Тоҷиксемент» дубора барқарор гардид.




           

Ёдрас мекунем, бинобар напардохтани қарз аз ҷониби Тоҷикистон «Узтраснгаз» шурӯъ аз 17-уми июн ҳаҷми интиқоли газ ба ҷумҳуриро то 6 ҳазор метри мукааб дар як соат коҳиш дода буд. Мақомоти раҳбарии «Узтрансгаз» қаблан изҳор дошта буд, ки дар сурати то 15-уми июн аз ҷониби Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи қарзи истифодаи газ, ки феълан 17 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, интиқоли онро ба ҷумҳурӣ пурра қатъ мекунад.




           

Муовини раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз Шавкат Шоимов изҳор дошта буд, ки баҳри қонеъ сохтани талаботи ҷумҳурӣ бо газ дар як шабонарӯз беш аз 100 ҳазор метри мукааб газ зарур аст. Номбурда афзуда буд, айни замон ширкати «Барқи тоҷик» ба маблағи 10 млн. $, «корхонаи «Тоҷиксемент» – 2 млн. $, «Сомонсуғдгаз» низ 2 млн. $, корхоани «Лаъл»-и вилояти Суғд – 1,1 млн. $ ва Талко – ҳудуди 700 ҳазор $

 

аз корхонаи «Тоҷиктрансгаз» қарздор мебошанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.