Бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон боз як синфхонаи компютерӣ кушода шуд

            Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ дар бинои асосии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон боз як синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз бо техникаи зарурӣ кушода шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд, пас аз ифтитоҳи синфхона вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо хатмкунандагон ва […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ дар бинои асосии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон боз як синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз бо техникаи зарурӣ кушода шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд, пас аз ифтитоҳи синфхона вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо хатмкунандагон ва собиқадорони соҳа мулоқот орост. Дар маърӯзаи худ вазири кишоварзӣ изҳор дошт, ки рушди бахши кишоварзӣ аслан ба кадрҳои соҳибтахассус вобаста аст. Ӯ зарурати робитаи зичи кадрҳои илмии донишгоҳ бо соҳаи кишоварзии ҷумҳуриро таъкид сохт.




           

Ба гуфтаи ӯ, табодули таҷрибаи муосир ва шаклҳои замонавии тарбияи кадрҳо омили пешравии соҳа мебошанд.




           

Зимни мулоқот зикр гардид, ки то имрӯз донигоҳи кишоварзиро 35 ҳазор нафар мутахассисон хатм карда, айни замон дар самтҳои гуногуни бахши кишоварзии кишвар фаъолият доранд. Соли равон донишгоҳи мазкурро боз 718 нафар мутахасисон хатм мекунанд, ки 41 нафари онҳо соҳиби дипломи сурх хоҳанд гардид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.