Созмони байнулмилалии меҳнат Қарордоди глобалӣ дар бораи ташкили ҷойҳои кориро қабул кард

            Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар партави афзоиши давомноки мизони бекорӣ, муфлисшавии корхонаву ташкилотҳо Созмони байнулмилалии меҳнат рӯзи 19-уми июн Қарордоди глобалӣ дар бораи ташкили ҷойҳои кориро қабул кард.             Дар иттилоияи созмон гуфта мешавад, Қарордод роҳу воситаҳои сиёсати миллӣ ва байнулмилалиро дар самти солимгардонии иқтисод, фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ ва таъмини ҳифзи […]

Амрита Қарғизова



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар партави афзоиши давомноки мизони бекорӣ, муфлисшавии корхонаву ташкилотҳо Созмони байнулмилалии меҳнат рӯзи 19-уми июн Қарордоди глобалӣ дар бораи ташкили ҷойҳои кориро қабул кард.





           

Дар иттилоияи созмон гуфта мешавад, Қарордод роҳу воситаҳои сиёсати миллӣ ва байнулмилалиро дар самти солимгардонии иқтисод, фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ ва таъмини ҳифзи меҳнаткашон ва оилаҳои онҳо муайян месозад. «Қарордоди мазкур воситаҳо ва чораҳои сиёсиеро, ки дар таҷриба санҷида шуда, аз ҷониби ҳамаи аъзои СБМ маъқул шуморида шудаанд, нишон медиҳад», – омадааст дар иттилоияи созмон.




           

Тибқи маълумоти СБМ, агар солимгардии иқтисод соли равон ё оянда шурӯъ гардад ҳам, бӯҳрони глобалии таъмини шуғли аҳолӣ боз тайи 6-8 соли минбаъда низ идома хоҳад ёфт. «Ҳамасола ба бозори ҷаҳонии меҳнат 45 млн. нафар коргарони нав мебароянд, ки қисми асосии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва барои расидан ба сатҳи пеш аз бӯҳронии мизони бекорӣ зарур аст, дар панҷ соли минбаъда 300 млн. ҷойи нави корӣ ташкил гардад», – гуфта мешавад дар иттилоия.




           

Дар Қарордоди глобалӣ як қатор чораҳои раҳоӣ аз бӯхрон пешниҳод мегардад, ки ҳар як кишвар метавонад онро ба талабот ва махсусиятҳои мавҷуда мутобиқ гардонад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.