Танҳо 9 фоизи русиягиҳо Тоҷикистонро дӯсту иттифоқчии Русия мешуморанд

            Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти назарсанҷии доирнамуда аз ҷониби Маркази таҳлилии Юрий Левада, ки аз 22 то 26-уми май дар 128 маҳаллаи аҳолинишини 46 минтақаи Русия миёни 1600 нафар сокинони Русия гузаронида шудааст, танҳо 9 фоизи русиягиҳо Тоҷикистонро дӯсту иттифоқчии Русия мешуморанд.             Тибқи маълумои марказ, ҳамин миқдор русиягиҳо Ӯзбекистон, Қирғизистон, […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти назарсанҷии доирнамуда аз ҷониби Маркази таҳлилии Юрий Левада, ки аз 22 то 26-уми май дар 128 маҳаллаи аҳолинишини 46 минтақаи Русия миёни 1600 нафар сокинони Русия гузаронида шудааст, танҳо 9 фоизи русиягиҳо Тоҷикистонро дӯсту иттифоқчии Русия мешуморанд.





           

Тибқи маълумои марказ, ҳамин миқдор русиягиҳо Ӯзбекистон, Қирғизистон, Фаронса ва Булғорияро низ дӯсту иттифоқчии Русия арзёбӣ кардаанд.




           

Дар ин рӯйхат Белорус (50%), Қазоқистон (38%), Чин (18%), Олмон (17%), Арманистон (15%),Ҳиндустон (12%), Куба (11 фоиз) ва Озарбойҷон (10%) аз Тоҷикистон болотар ҷой гирифтаанд. Умуман дар рӯйхати «дӯстону иттифоқчиёни Русия» 35 кишвари ҷаҳон ҳузур дорад.




           

Чанде аз ин кишварҳо дар рӯйхати душманони Русия низ ҷой доранд. Аз ҷумла, 1 фоизи русиягиҳо Тоҷикистонро чун кишвари нисбат ба Русия хусуматдошта арзёбӣ кардаанд. Дар рӯйхати душманон Гурҷистон (62%), ИМА (45%), Украина (41%), Латвия ва Литва (35 фоизӣ), Эстония (30%) ва Полша (10%) пешсафанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.