Кормандони милисаи шаҳри Душанбе ду халта маводи мухаддирро мусодира карданд

Date:


Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони милисаи шаҳри Душанбе ду халта маводи мухаддирро мусодира карданд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 28-уми июн зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи ба номи Фирдавсии пойтахт дар автомашинаи навъи «Опел-Вектра»-и ба сокини Душанбе – Акрам Расулов тааллуқдошта 2 халта маводи мухадддир дарёфт ва мусодира карда шудааст. «Маводи мухаддир ҳащиш буда, вазни умумии он 14 килоро ташкил дод», – гуфт манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки дар давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ кормандони Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ 300 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор сохта, 1 тоннаву 249 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...