Кормандони милисаи шаҳри Душанбе ду халта маводи мухаддирро мусодира карданд

Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони милисаи шаҳри Душанбе ду халта маводи мухаддирро мусодира карданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 28-уми июн зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи ба номи Фирдавсии пойтахт дар автомашинаи навъи «Опел-Вектра»-и ба сокини Душанбе – Акрам Расулов тааллуқдошта 2 халта […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони милисаи шаҳри Душанбе ду халта маводи мухаддирро мусодира карданд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 28-уми июн зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи ба номи Фирдавсии пойтахт дар автомашинаи навъи «Опел-Вектра»-и ба сокини Душанбе – Акрам Расулов тааллуқдошта 2 халта маводи мухадддир дарёфт ва мусодира карда шудааст. «Маводи мухаддир ҳащиш буда, вазни умумии он 14 килоро ташкил дод», – гуфт манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки дар давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ кормандони Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ 300 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор сохта, 1 тоннаву 249 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.