Мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Екатеринбург бо ҳероини дар дохили меъдааш мавҷудбуда боздошт шуд

Date:


Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мусофиреро боздошт намуданд, ки нияти ба хориҷи кишвар интиқол додани маводи мухаддирро дошт.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН иттилоъ доданд, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Екатеринбург, сокини 23-солаи ноҳияи Варзоб боздошт гардид. «Мусофири боздоштшуда ба агентӣ оварда шуда, аз дохили меъдаи ӯ 50 контейнери дорои ҳероин гирифта шуд», – гуфтанд дар агентӣ.



Бино ба иттилои манбаъ, вазни умумии ҳероини мусодирашуда 388 граммро ташкил медиҳад. «Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ҷиҳати муайян кардани дигар ашхоси ба ин амал дастдошта чораҳо андешида мешаванд», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...