Аъзои Шӯрои кории Русия дар ҶТ дар бораи фаъолияти ширкатҳояшон дар қаламрави Тоҷикистон ба ВАО маълумот медиҳанд

Date:



           

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи ҷумъа, 3 июл дар сафорати Русия дар Тоҷикистон оид ба мавзӯи «Лоиҳаҳои сармоягузории Русия дар Тоҷикистон» нишасти хабарӣ доир мегардад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Русия дар ҶТ иттилоъ доданд, дар нишасти матбуотӣ иштироки аъзои Шӯрои корӣ дар назди сафири Русия дар Тоҷикистон пешбинӣ мегардад. «Аз ҷумла, дар нишасти хабарӣ намояндаи тиҷорати Русия дар Тоҷикистон – Александр Яковлев, сарвари кулли ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» – Раҳматулло Алжанов, сарвари намояндагии ҶСК «Газпром Зарубежнефтегаз» – Сергей Туманов, сарвари кулли ҶДММ «Таком» – Владимир Копил, сарвари кулли ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» – Р.Наинбоев, роҳбари намояндагии ҶСК «Росселхозбанк» дар ҶТ – М.Қодиров ва мудири иҷроияи ҶДММ «Созидание» – К.Усмонов ширкат хоҳанд варзид», – гуфтанд дар сафорат.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар нишасти хабарӣ аъзои Шӯрои корӣ дар бораи фаъолияти ширкатҳояшон дар қаламрави Тоҷикистон ба ВАО маълумот хоҳанд дод.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...