Аъзои Шӯрои кории Русия дар ҶТ дар бораи фаъолияти ширкатҳояшон дар қаламрави Тоҷикистон ба ВАО маълумот медиҳанд

            Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи ҷумъа, 3 июл дар сафорати Русия дар Тоҷикистон оид ба мавзӯи «Лоиҳаҳои сармоягузории Русия дар Тоҷикистон» нишасти хабарӣ доир мегардад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Русия дар ҶТ иттилоъ доданд, дар нишасти матбуотӣ иштироки аъзои Шӯрои корӣ дар назди сафири Русия дар […]

Амрита Қарғизова



           

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи ҷумъа, 3 июл дар сафорати Русия дар Тоҷикистон оид ба мавзӯи «Лоиҳаҳои сармоягузории Русия дар Тоҷикистон» нишасти хабарӣ доир мегардад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Русия дар ҶТ иттилоъ доданд, дар нишасти матбуотӣ иштироки аъзои Шӯрои корӣ дар назди сафири Русия дар Тоҷикистон пешбинӣ мегардад. «Аз ҷумла, дар нишасти хабарӣ намояндаи тиҷорати Русия дар Тоҷикистон – Александр Яковлев, сарвари кулли ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» – Раҳматулло Алжанов, сарвари намояндагии ҶСК «Газпром Зарубежнефтегаз» – Сергей Туманов, сарвари кулли ҶДММ «Таком» – Владимир Копил, сарвари кулли ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» – Р.Наинбоев, роҳбари намояндагии ҶСК «Росселхозбанк» дар ҶТ – М.Қодиров ва мудири иҷроияи ҶДММ «Созидание» – К.Усмонов ширкат хоҳанд варзид», – гуфтанд дар сафорат.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар нишасти хабарӣ аъзои Шӯрои корӣ дар бораи фаъолияти ширкатҳояшон дар қаламрави Тоҷикистон ба ВАО маълумот хоҳанд дод.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.