То 10 ҳазор тоҷикистониён дар Маскав бекор монданд

            Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар натиҷаи баста шудани яке аз бозорҳои калонтарини шаҳри Маскав – Черкизбозор то 10 ҳазор тоҷикистониён бекор монданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиа-холдинги тоҷикии « Tajinfo » Муҳамммади Эгамзод иттилоъ дод, бинобар ошкор сохтани қонуншиканиҳои зиёд муддати се рӯз аст, ки ҳукуматдорони шаҳр фаъолияти […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар натиҷаи баста шудани яке аз бозорҳои калонтарини шаҳри Маскав – Черкизбозор то 10 ҳазор тоҷикистониён бекор монданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиа-холдинги тоҷикии «


Tajinfo


» Муҳамммади Эгамзод иттилоъ дод, бинобар ошкор сохтани қонуншиканиҳои зиёд муддати се рӯз аст, ки ҳукуматдорони шаҳр фаъолияти бозорро то бартараф сохтани камбудиҳо қатъ сохтаанд. «Мақомоти шаҳрдории Маскав ният дошт, ҳанӯз ахири соли 2007 ин бозорро бандад, зеро тайи чанд соли ахир дар ин ҷо ҳодисаҳои зиёди сӯхтор рух дода, он макони будубоши ашхоси ҷиноятпеша гардида буд», – гуфт ӯ.




           

М.Эгамзод мегӯяд, сипас мӯҳлати бастани бозор то 1-уми январи соли 2009 мавқуф гузошта шуда, мӯҳлати нав ба соли 2011 муқаррар шуд ва бояд дар ҷойи бозор маҷмааи варзишӣ бо боғи истироҳат қомат афрозад. Қобили зикр аст, ки Черкизбозор бозори умумирусиягӣ буда, ҳамарӯза баҳри харидории молу маҳсулот ба он даҳҳо ҳазор нафар тоҷирон аз тамоми манотиқи Русия меомаданд. «Шумораи шаҳрвандони тоҷики машғули кор дар ин бозор аз 8 то 10 ҳазор нафар аст ва онҳоро метавон ба се гурӯҳ – аробакашон, фурӯшандагони кирошуда ва ёварони онҳо ва тоҷирони соҳиби нуқтаи фурӯши хусусӣ тақсим намуд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки шумораи дақиқи тоҷикистониёнро мушаххас сохтан ғайриимкон аст, зеро аксари муҳоҷирон ғайрирасмӣ кор мекунанд.




           

Номбурда афзуд, баста шудани бозор вазъи муҳоҷирон ва оилаҳои онҳоро душвор хоҳад кард. «Ҳукуматдорони Тоҷикистон баҳри фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирони бекормонда бояд чораҳо андешанд», – таъкид сохт собиқ сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.