Дар Душанбе Маркази таблиғотиву маърифатии зиддикоррупсионӣ ифтитоҳ мегардад

Date:



           

Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии Созмони ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Маркази таблиғотиву маърифатии зиддикоррупсионӣ» баргузор мешавад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муасссиси созмони мазкур, ҳуқуқшинос Алиакбар Абдуллоев иттилоъ дод, ба маросими муаррифинома кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, вакилони парлумон, роҳбарони мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват шудаанд.




           

Ба гуфтаи А.Абдуллоев, Маркази таблиғотиву маърифатии зиддикоррупсионӣ – ташкилоти ғайритиҷоратии ҷамъиятӣ буда, дар асоси ихтиёрӣ таъсис дода шудааст. «Ҳадаф аз таъсиси марказ – мусоидат ба ошкор сохтани ҳодисаҳои коррупсионӣ ва сӯиистифода аз мансаб дар сохторҳои давлатӣ ва дигар муассисаву ташкилотҳои ғайридавлатӣ мебошад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда афзуд, фаъолияти марказ ҳамчунин ба дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ низ нигаронида хоҳад шуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...