Федератсияи иттифоқҳои касабаи кормандони ширкатҳои ҳавопаймоӣ табдили ном намуда, ба он раиси нав интихоб карда шуд

            Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Федератсияи итттифоқҳои касабаи кормандони ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони ширкатҳои ҳавопаймоӣ табдили ном кард.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Шоқурбон Эсанов иттилоъ дод, чанде қабл дар ҷараёни баргузории конфронси таъсисотии иттифоқҳои касабаи кормандони шитркатҳои ҳавопаймоӣ чунин тасмим […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Федератсияи итттифоқҳои касабаи кормандони ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони ширкатҳои ҳавопаймоӣ табдили ном кард.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Шоқурбон Эсанов иттилоъ дод, чанде қабл дар ҷараёни баргузории конфронси таъсисотии иттифоқҳои касабаи кормандони шитркатҳои ҳавопаймоӣ чунин тасмим гирифта шуда, бинобар ба нафақа баромадан раиси иттифоқ Бегиҷон Шералиев аз вазифааш сабукдӯш гардид. «Иштирокдорони конфронс оинномаи нав, муқаррароти фаъолияти комиссияи тафтишотиро қабул карда, ҳайати нави раёсати кумитаро таъсис доданд ва Мамадқул Хушвақтовро, ки қаблан дар федератсияи иттифоқҳои касаба фаъолият дошт, раиси нави кумита интихоб карданд», – гуфт ӯ.




           

Номбурда афзуд, феълан 19 воҳидҳои иттифоқҳои касабаи идоравӣ дар ҳайати Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон амал мекунад. Айни замон 3 ҳазору 702 корманди ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аъзои Кумитаи иттифоқҳои касаба мебошанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.