Президенти Латвия бо сафари серӯза аз Тоҷикистон боздид мекунад

            Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Латвия Валдис Затлерс бо сафари серӯза аз Тоҷикистон боздид мекунад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, сафар рӯзи 11-уми июл оғоз меёбад. Дар чаҳорчӯбаи сафар президенти Латвия бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид карда, имзои […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Латвия Валдис Затлерс бо сафари серӯза аз Тоҷикистон боздид мекунад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, сафар рӯзи 11-уми июл оғоз меёбад. Дар чаҳорчӯбаи сафар президенти Латвия бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид карда, имзои як силсила асноди ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар назар аст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳайати Латвия тоҷирону соҳибкорони ин кишвар низ ба Душанбе ташриф оварда, дар кори ҳамоиши тиҷоратии кишварҳо ширкат хоҳанд варзид. Зикр гардид, ки сафари президенти Латвия ба Тоҷикистон нахустин боздиди сарвари кишварҳои минтақаи Назди Балтика ба ҷумҳурӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.