Вохӯрии минтақавӣ оид ба баррасии масоили манъи минаҳои зиддипиёдагард дар Душанбе доир мегардад

Date:


Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вохӯрии минтақавӣ оид ба баррасии масоили манъи минаҳои зиддипиёдагард таҳти унвони «Конфронси Душанбе оид ба ноил гардидан ба озод кардани минтақаи Осиёи Марказӣ аз минаҳо» рӯзҳои 7-8-уми июл дар Душанбе доир мегардад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ Бахтиёр Бекмуродов иттилоъ дод, конфронс дар толори меҳмонхонаи Hyatt Regency баргузор шуда, дар кори он ҳайатҳои расмии Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд варзид. «Конфронси мазкур саввумин вохӯрии минтақавӣ дар пешорӯи Конфронси дуввуми шарҳи Конвенсияи манъи минаҳои зиддипиёдагард мебошад, ки ахири соли ҷорӣ дар Колумбия доир мегардад», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Б.Бекмуродов, 80 дарсади кишварҳои ҷаҳон ба ин конвенсия ҳамроҳ шудаанд, вале то ҳанӯз Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз он дар каноранд ва дар конфронси Душанбе ба ин масъала низ таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад шуд. «Дар конфронс масъалаҳои марбут ба аз минаҳо поккорӣ кардани қаламрави минтақа, кӯмак ба ҷабрдидагон аз инфиҷори он ва роҳандозии ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар ин самт баррасӣ мешаванд», – афзуд Бекмуродов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...