Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои давраи интихобии озмуни «Панҷ ситораи интервизион», ки рӯзи 4-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Ален Абилфайзов ҳуқуқ пайдо кард, ки Тоҷикистонро дар ин озмун намояндагӣ кунад.
Бино ба иттилои раиси ҳакамони озмун – муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев, А.Абилфайзов миёни иштирокчиён аз ҳама холи баланд – 96 баллро соҳиб шудааст. Айни замон ӯ дар маркази прдюсерии «Фарҳанг» ба фаъолият машғул буда, оянда ният дорад албоми сурудҳои худро ба мухлисонаш пешкаш намояд.
Қобили зикр аст, ки дар давраи интихобӣ мақоми дуввумро наттоқи радиои «Азия-Плюс» Кирилл Комбаров ишғол намуда, ҷойи саввумро ҳакамон ба Юлия Богданавичуте сазовор донистанд.
Ба ҳайати доварон муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов, муовини ӯ – Қудратулло Яҳёев, роҳбари ансамбли «Сипар» Умар Зиёев,
овозхони ансамбли «Авеста» Таҳмина Рамазонова ва сарвари барномаҳои радиои «Азия-Плюс» Парвона Аҳрорӣ шомил гардида буданд.


