Маркази СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ ба кишварҳои минтақа дар ҳалли мушкилоти об кӯмак мекунад

              Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Ман мавқеи сарвари давлати Тоҷикистонро оид ба ҳалли мушкилоти истифодаи оқилонаи захоири обиву энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзанда арзёбӣ мекунам», – изҳор дошт пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Дабири кулли СММ – роҳбари Маркази СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи Осиёи […]

Аваз Юлдошев



             



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Ман мавқеи сарвари давлати Тоҷикистонро оид ба ҳалли мушкилоти истифодаи оқилонаи захоири обиву энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзанда арзёбӣ мекунам», – изҳор дошт пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Дабири кулли СММ – роҳбари Маркази СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ Мирослав Енча.





           

Номбурда таъкид сохт, ҳар як давлат ба истифодаи оқилонаи об дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ бархӯрдор буда, Тоҷикистон низ истисно нест. «Маркази СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ рӯзи 16-уми июл дар шаҳри Ашқобод вохӯрии роҳбарони вазоратҳои хоҷагии оби минтақаро оид ба натиҷагирӣ аз амалисозии қарордодҳои зимни мулоқоти сарони кишварҳои минтақа дар нишасти Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал дар Алмаато баимзорасида созмон медиҳад», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқоти Туркманистон ҳамчунин намояндагони Барномаи рушди СММ, Иттиҳоди Аврупо ва мақомоти раҳбарии Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал низ ширкат хоҳанд варзид. «Моҳи октябр дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд оид ба мушкилоти захоири обӣ, энергетика ва бахши кишоварзӣ дар минтақа вохӯрӣ барпо мегардад», – изҳор дошт М.Енча.



Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ҳамчунин гуфт, дар мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон масоили афзалиятноки марбут ба рушди устувор ва таъмини амният дар минтақа, мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.