Бонки рушди Осиё баҳри бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо кард



           

Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи бурсии дастгирии кишварҳо дар масъалаи рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо кард. Барнома аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк рӯзи 6-уми июли соли ҷорӣ тасдиқ гардида, он баҳри кӯмак ба кишвари мо дар амалисозии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ ҷудо гардидааст.





           

Дар намояндагии БРО дар ҶТ гуфтанд, пас аз тасдиқи барнома маблағ дарҳол ба Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки гувоҳи таъҷилӣ ва муҳим будани он аст. «Коршиносон бар ин назаранд, ки соли ҷорӣ ҳаҷми афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба сифр баробар хоҳад буд ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта он 8 дарсадро ташкил дод», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дастгирии БРО ба ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки таъсири ногувори бӯҳрони молӣ ба ҳаҷми даромадҳои давлатиро коҳиш дода, барномаҳои асосии хароҷот ба эҳтиёҷоти шадиди иҷтимоӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат ва беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ ба қишри осебпазири ҷомеаро амалӣ созад. «Маблағи мазкур ба ҳукумати ҶТ ҳамчунин баҳри иҷрои барномаҳои сармоягузорӣ дар бахши нигаҳдорӣ ва афзудани ҷойҳои корӣ ва барқарорсозиву таҷдиди иқтисод низ кӯмак хоҳад кард», – афзуд манбаъ.


spot_imgspot_img

Популярное