Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб қитъаи замини касонеро, ки дар мӯҳлати ваъдашуда сохтмони иншоотро ба охир нарасониданд, бозпас мегирад

            Кӯлоб. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб қитъаи замини касонеро, ки дар мӯҳлати ваъдашуда сохтмони иншоотро ба охир нарасониданд, бозпас мегирад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳр Озодӣ Ҳасанов иттилоъ дод, ба 11 нафар соҳибони чунин қитъаҳои замин огоҳинома дода шуда, аллакай яке аз чунин қарорҳо бекор карда шудааст. […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб қитъаи замини касонеро, ки дар мӯҳлати ваъдашуда сохтмони иншоотро ба охир нарасониданд, бозпас мегирад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳр Озодӣ Ҳасанов иттилоъ дод, ба 11 нафар соҳибони чунин қитъаҳои замин огоҳинома дода шуда, аллакай яке аз чунин қарорҳо бекор карда шудааст. «Соҳибкор Мираҳмад Пириев, ки ваъда дода буд, дар яке микрорайонҳои шаҳр маркази тиҷоратӣ бунёд месозад, аз қитъаи замини ҷудогардида маҳрум гардида, он ба нафари дигар дода мешавад», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи сармеъмор, шурӯъ аз соли 2008 мақомоти шаҳрдорӣ барои сохтмони 89 иншоот қитъаи замин ҷудо кардааст. «То имрӯз 5 иншоот пеш аз мӯҳлат мавриди истифода қарор гирифта, дар 11-тои он корҳо мутаваққиф шудаанд ва 18 иншоот бидуни хулосаи комиссияи давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд», – афзуд О.Ҳасанов.




           

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки айни замон интизор меравад


2800 гектар

замини хоҷагиҳои наздишаҳрии ноҳияи Кӯлоб ба тавозуни шаҳр гузаронида шаванд, зеро мувофиқи нақшаи генралии шаҳр, то соли 2025 дар қаламрави шаҳр бояд 250 ҳазор нафар зиндагӣ кунанд ва ин дар ҳолест, ки феълан шумори аҳолии шаҳр ба 90 ҳазор нафар баробар аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.