Бонки рушди Осиё баҳри бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо кард

            Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи бурсии дастгирии кишварҳо дар масъалаи рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо кард. Барнома аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк рӯзи 6-уми июли соли ҷорӣ тасдиқ гардида, он баҳри кӯмак ба кишвари мо дар амалисозии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ […]

Амрита Қарғизова



           

Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи бурсии дастгирии кишварҳо дар масъалаи рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо кард. Барнома аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк рӯзи 6-уми июли соли ҷорӣ тасдиқ гардида, он баҳри кӯмак ба кишвари мо дар амалисозии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ ҷудо гардидааст.





           

Дар намояндагии БРО дар ҶТ гуфтанд, пас аз тасдиқи барнома маблағ дарҳол ба Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки гувоҳи таъҷилӣ ва муҳим будани он аст. «Коршиносон бар ин назаранд, ки соли ҷорӣ ҳаҷми афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба сифр баробар хоҳад буд ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта он 8 дарсадро ташкил дод», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дастгирии БРО ба ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки таъсири ногувори бӯҳрони молӣ ба ҳаҷми даромадҳои давлатиро коҳиш дода, барномаҳои асосии хароҷот ба эҳтиёҷоти шадиди иҷтимоӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат ва беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ ба қишри осебпазири ҷомеаро амалӣ созад. «Маблағи мазкур ба ҳукумати ҶТ ҳамчунин баҳри иҷрои барномаҳои сармоягузорӣ дар бахши нигаҳдорӣ ва афзудани ҷойҳои корӣ ва барқарорсозиву таҷдиди иқтисод низ кӯмак хоҳад кард», – афзуд манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.