Мӯҳлати баргузории озмуни «Панҷ ситораи интервизион» дар Душанбе аз моҳи август ба моҳи октябр мавқуф гузошта шуд.

Date:



           

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмонов изҳор дошт, ки мӯҳлати баргузории озмуни «Панҷ ситораи интервизион» дар Душанбе аз моҳи август ба моҳи октябри соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуд.





           

Номбурда мегӯяд, дар ҷараёни мулоқоту вохӯриҳои чандинкаратаи созмондиҳандагони озмун ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Русия ба Муқарраоти озмун тағйирот ворид шуда, созмондиҳандагони озмун ният доранд, ки баҳри иштирок дар он намояндагони дигар кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро ҷалб созанд. «Аз ин рӯ, мавқуф гузоштани мӯҳлати баргузории озмун ба омодагӣ ва интихоби иштирокчиён аз ин кишварҳо марбут аст», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи А.Раҳмонов, созмондиҳандаи асосӣ ва намоянда аз ҷониби Тоҷикистон дар баргузории озмун Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳкумати ҶТ буда, тамоми хароҷоти вобаста ба онро ба ӯҳдаи худ гирифтааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related