Д.Медведев ва Э.Раҳмон дар пойгаи аспдавонии ҷоизаи президенти Русия дар Маскав ба дидори ҳамдигар мушарраф мешаванд

            Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон ба мусобиқоти пойгаи аспдапвонӣ, ки рӯзи 18-уми июл дар шаҳри Маскав баргузор мешавад, даъват шудааст.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, сарвари давлати Тоҷикистон аз Миср озими шаҳри Маскав хоҳад шуд. Таври маълум, имрӯз дар шаҳри […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон ба мусобиқоти пойгаи аспдапвонӣ, ки рӯзи 18-уми июл дар шаҳри Маскав баргузор мешавад, даъват шудааст.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, сарвари давлати Тоҷикистон аз Миср озими шаҳри Маскав хоҳад шуд. Таври маълум, имрӯз дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср Эмомалӣ Раҳмон дар кори Нишасти Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ иштирок дорад.




           

Интизор меравад, ки дар шаҳри Маскав мулоқоти сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон доир мегардад. Чанде қабл онҳо тариқи телефон масоили муносиботи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.




           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кремл, зимни гуфтугӯи телефонӣ сарони кишварҳо масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима карда, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати тезонидани корҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак супоришоти мушаххас додаанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.