Пас аз гирифтани маълумоти ҳатмии умумӣ 50 ҳазор наврасони Тоҷикистон аз таҳсил дар канор мемонанд



           

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз гирифтани маълумоти ҳатмии умумӣ (9-сола) 50 ҳазор наврасони Тоҷикистон аз таҳсил дар канор мемонанд.





           

Чанде қабл зимни як нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Қимматгул Аллабердиева изҳор дошт, ки қисми бештари онҳоро духтарон ташкил дода, онҳо ё худашон хоҳиши идомаи таҳсилро надоранд ва ё волидайнашон ба таҳсили минбаъдаи онҳо монеъа мешаванд. «Бо мақсади омӯзиш масъалаи мазкур кумита дар ноҳияи Рӯдакӣ мониторинг доир сохта, дар натиҷа маълум шуд, ки сабаби аз идомаи таҳсил даст кашидани наврасон – вазъи бади иқтисодии оила, барвақт ба шавҳар баромадан ва сатҳи нокофии маърифатнокии худи духтрон ва волидайни онҳо аст», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Қ.Аллабердиева, айни замон дар макотиби олии ҷумҳурӣ беш аз 156 ҳазор нафар таҳсил мекунанд, ки ҳудуди 47 ҳазор ё худ зиёда аз 35 дарсадашро духтарон ташкил медиҳанд.


spot_imgspot_img

Популярное