Душанбе. 23-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни мулоқоти вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо сафири кабири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани масъалаи дурнамои рушд ва таҳкими муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҶТ иттилоъ доданд, дар вохӯри масоили рушду густариши ҳамкориҳо дар бахши молия, андоз ва ҷалби сармоягузорӣ мавриди ҳаллу фасл қарор гирифтанд. «С.Наҷмиддинов ба дурнамои дурахшони рушди ҳамкориҳои минбаъда изҳори боварӣ намуд», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо атрофи таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди миллии кишварҳо ва чораҳои пешгирифтаи давлатҳо баҳри рафъи оқибатҳои он табодули афкор карданд.



