Мақомоти раҳбарии ҶТ ҷонибдори зудтар ҳал гардидани масъалаи аломатгузорӣ дар марз бо Ӯзбакистон аст

            Душанбе. 23-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини вазири умури хориҷии ҶТ Абдулло Юлдошев изҳор дошт, ки чунин фикр кардан нашояд, ки гӯё миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон муносиботи махсуси на он қадр хуб мавҷуд аст. «Миёни кишварҳо муносиботи маъмули ҳамсоягӣ мавҷуд аст, ки метавонад ҳам ҷанбаҳои мусбӣ ва ҳам манфӣ дошта бошад», […]



           

Душанбе. 23-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини вазири умури хориҷии ҶТ Абдулло Юлдошев изҳор дошт, ки чунин фикр кардан нашояд, ки гӯё миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон муносиботи махсуси на он қадр хуб мавҷуд аст. «Миёни кишварҳо муносиботи маъмули ҳамсоягӣ мавҷуд аст, ки метавонад ҳам ҷанбаҳои мусбӣ ва ҳам манфӣ дошта бошад», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи муовини вазир, феълан дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон 29 гузаргоҳ мӯътадил фаъолият дорад ва ин нишондиҳандаи муносиботи мӯътадили кишварҳо аст. «Дар мавриди ҷорӣ сохтани раводид миёни кишварҳо қайд карданиам, ки чунин шакли муносибат байни кишварҳо дар тамоми ҷаҳон маъмул аст ва арзиши раводид ҳам хеле ночиз аст», – изҳор дошт вай.




           

Дар мавриди таркиши минаҳо дар марз ва ба ҳалокат расидани одамон бар асари он, А.Юлдошев гуфт, дар ин самт корҳо бурда мешаванд. «Дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбакистон ва Қирғизистон ҳанӯз ҳудуди 600 километри сарҳад аломатгузорӣ нашудааст ва мақомоти раҳбарии ҶТ ҷонибдори зудтар ҳал гардидани масъалаи мазкур аст», – афзуд А.Юлдошев.




 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.