Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарз аз пардохти музди меҳнат ва нафақаву ҷубронпулӣ дар Тоҷикистон мутаносибан зиёда аз 25,6 млн. ва 35 млн. сомониро ташкил дод.
Зимни як нишасти хабарӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров гуфт, айни замон баҳри ҳалли мушкилоти мазкур бо як қатор созмону кишварҳои мададрасони байнулмилалӣ гуфтушунид идома дорад. «Дар бораи ҷудо кардани бурс бо ин мақсад ба маблағи 7,8 млн. Евро миёни вазорат ва Иттиҳоди Аврупо тавофуқи пешакӣ ҳосил шуд ва дар сурати ҷудо гардидани он тамоми мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ҳал хоҳад шуд», – гуфт ӯ.
Мувофиқи маълумоти вазорат, айни замон шумори нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ 543 ҳазору 92 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 14 ҳазору 523 нафар ё худ 2,7 дарсад бештар мебошад.


