Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскави (ДДМ) ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе имтиҳоноти қабул шурӯъ мешаванд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ректори филиали донишгоҳ дар Тоҷикистон Ҳайдар Одинаев иттилоъ дод, аз 20-уми июл то имрӯз 80 нафар довталабон ҳуҷҷатҳои худро барои қабул шудан ба донишгоҳ супорида, хоҳишмандон метавонанд то шоми имрӯз низ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.
«Имрӯз ҳайати комиссияи қабули имтиҳонот иборат аз 6 намояндаи ДДМ ба Душанбе омада, имтиҳоноти қабул тариқи тестӣ дар бинои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ баргузор мешаванд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ҳ.Одинаев, соли равон ба филиали донишгоҳ аз рӯи ду ихтисос – математикаи амалӣ ва информатика 45 нафар донишҷӯ қабул карда мешаванд. «Аксари довталабон бинобар хуб надонистани забони русӣ аз супурдани ҳуҷҷатҳо ба филиали донишгоҳ худдорӣ мекунанд, вале ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки барои довталабони арзанда пас аз қабул шудан курсҳои 6-моҳаи омӯзиш ва такмили забони русӣ ташкил хоҳад шуд», – гуфт ӯ.
Ҳ.Одинаев ҳамчунин гуфт, машғулиятҳои таълимӣ дар филиали донишгоҳ 15-уми сентябр оғоз гардида, аз рӯи фанҳои асосӣ омӯзгорони марказ ва аз рӯи баъзе фанҳои гуманитарӣ омӯзгорони макотиби олии ҷумҳурӣ низ дарс хоҳанд гузашт.


