Оғози имтиҳоноти қабул дар филиали ДДМ дар Тоҷикистон

            Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскави (ДДМ) ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе имтиҳоноти қабул шурӯъ мешаванд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ректори филиали донишгоҳ дар Тоҷикистон Ҳайдар Одинаев иттилоъ дод, аз 20-уми июл то имрӯз 80 нафар довталабон ҳуҷҷатҳои худро барои қабул шудан ба донишгоҳ супорида, […]



           

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскави (ДДМ) ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе имтиҳоноти қабул шурӯъ мешаванд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ректори филиали донишгоҳ дар Тоҷикистон Ҳайдар Одинаев иттилоъ дод, аз 20-уми июл то имрӯз 80 нафар довталабон ҳуҷҷатҳои худро барои қабул шудан ба донишгоҳ супорида, хоҳишмандон метавонанд то шоми имрӯз низ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.



«Имрӯз ҳайати комиссияи қабули имтиҳонот иборат аз 6 намояндаи ДДМ ба Душанбе омада, имтиҳоноти қабул тариқи тестӣ дар бинои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ баргузор мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Ҳ.Одинаев, соли равон ба филиали донишгоҳ аз рӯи ду ихтисос – математикаи амалӣ ва информатика 45 нафар донишҷӯ қабул карда мешаванд. «Аксари довталабон бинобар хуб надонистани забони русӣ аз супурдани ҳуҷҷатҳо ба филиали донишгоҳ худдорӣ мекунанд, вале ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки барои довталабони арзанда пас аз қабул шудан курсҳои 6-моҳаи омӯзиш ва такмили забони русӣ ташкил хоҳад шуд», – гуфт ӯ.




           

Ҳ.Одинаев ҳамчунин гуфт, машғулиятҳои таълимӣ дар филиали донишгоҳ 15-уми сентябр оғоз гардида, аз рӯи фанҳои асосӣ омӯзгорони марказ ва аз рӯи баъзе фанҳои гуманитарӣ омӯзгорони макотиби олии ҷумҳурӣ низ дарс хоҳанд гузашт.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.