Вазири молияи ҶТ: Яке аз чораҳои муассири зиддибӯҳронии ҳукумат -тавсеъаи имконоти содиротии кишвар аст

            Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки яке аз чораҳои муассири зиддибӯҳронии ҳукумат -тавсеъаи имконоти содиротии кишвар аст. «Бинобар таъсири бӯҳрони молӣ, талабот ба маҳсулоти асосии содиротии кишвр – алюминийи аввалия ва нахи пахта кам шуда, арзиши он низ коҳиш ёфт ва ҳукумат барномаи […]



           

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки яке аз чораҳои муассири зиддибӯҳронии ҳукумат -тавсеъаи имконоти содиротии кишвар аст. «Бинобар таъсири бӯҳрони молӣ, талабот ба маҳсулоти асосии содиротии кишвр – алюминийи аввалия ва нахи пахта кам шуда, арзиши он низ коҳиш ёфт ва ҳукумат барномаи махсуси ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти содиротии дигарро қабул кард, ки дар он масалан, барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ имтиёзҳо пешбинӣ шудааст», – гуфт ӯ.





           

Вазир хотиррасон кард, ки соли равон баҳри дастгирии бахши кишоварзӣ ҳукумат ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок дар ҳаҷми умумии 180 млн. сомониро ба нақша гирифт, ки 131,5 млн. сомонии он аллакай аз ҷониби Вазорати молия ихтисос дода шудаанд.

 

«Ғайр аз ин, баҳри дастгирии корхонаҳои саноатии машғул ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ 15 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд», – гуфт ӯ.



Ба қавли С .Наҷмиддинов, Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз имконоти хубе бархӯрдор аст ва барои афзудани шумори номгӯи чунин маҳсулот ва ҳаҷми содироти он мебояд истеҳсолотро таҷдид карда, корхонаҳоро бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин кард ва ҳамчунин ба рушди соҳибкории хурду миёна мусоидат намуд.



Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба андозаи

 

48 дарсад ё худ 379 млн. $камтар шудааст. Хаҷми воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба содирот се баробар ё худ ба миқдори 793 млн. $ бештар шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.