Корхонаи нави муштараки дорусозии Тоҷикистону Миср моҳи ноябри соли ҷорӣ расман ба фаъолият шурӯъ мекунад

            Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 23-юми июл дар нишасти матбуотӣ вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки дар заминаи корхонаи муштараки «Тоҷик Аҷанта фарма Лимитед»-и Тоҷикистону Ҳиндустон, ки зиёда аз 10 сол пештар таъсис дода шуда буду амалан ба ҳеҷ фаъолияте машғул набуд, корхонаи нави муштараки «ТоҷДелфарм»-и Тоҷикистону Миср таъсис меёбад. […]



           

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 23-юми июл дар нишасти матбуотӣ вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки дар заминаи корхонаи муштараки «Тоҷик Аҷанта фарма Лимитед»-и Тоҷикистону Ҳиндустон, ки зиёда аз 10 сол пештар таъсис дода шуда буду амалан ба ҳеҷ фаъолияте машғул набуд, корхонаи нави муштараки «ТоҷДелфарм»-и Тоҷикистону Миср таъсис меёбад. «Ширкати дорусозии «Делта-фарма» (Миср) 35 дарсади саҳмияҳои ширкати мазкурро харидорӣ намуд», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи вазир, барои оғози фаъолияти корхонаи «Тоҷделфарм» фонди оинномавии он то 5 млн. $ зиёд карда шуда, ҳиссаи ҷониби Миср – 55 дарсад ва ҷониби Тоҷикистон 45 дарсадро ташкил медиҳад. «Маросими ифтитоҳи расмии корхона пас аз анҷоми таъмин сохтани он бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар назар аст», – афзуд Н.Салимов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.